Бошгоҳи «Рома» баъди гузариши трансферии нобарори футболбози 21 солаи бразилӣ – Малком ба дигар футболбоз таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Баъди оне, ки «Барселона» аз «Рома» Малкомро рабуд, «Рома» ба нимҳимоятгари «РБ Лейпсиг» ва мунтахаби Шведсия Эмил Форсберг чашм андӯхтааст. Дар мавсими гузаштаи Бундеслига Форсберг бо 2 гол ва 2 партофти муваффақи головараш дар 21 бозӣ худро нишон дод. Лекин мувофиқи сарчашмаҳои хабарӣ, бошгоҳи олмонии «РБ Лейпсиг» аз футболбисти шведии худ ҷудо шуданӣ нест.

Сарчашма: http://varzishtv.tj/tj/news/roma-ba-forsberg-chashm-and-khtaast/