Студияи Warner санаи нахустнамоиши филмеро, ки дар бораи одами аз ҳама тезҳаракати ҷаҳон мебошад, дигар кард.

Наворбардории комикси «Флэш» соли 2021 омодаи пахш мегардад. Аз рӯи нақша бояд наворбардории филм моҳи марти соли 2019 оғоз мегардид, вале сенария ба коркард ва таҳрир ниёз дорад ва аз ин рӯ студияи Warner ба хулосае омад, ки то аввали баҳор матн шакли заруриро намегирад.

Пас аз як тараф кардани мушкилии оғози наворбардорӣ, филми «Флэш» бо камбудии графикии Миллер рӯ ба рӯ гардид. Наворбардории филми сеюми франшизаи «Фантастические твари» моҳи июл оғоз мегардад.

Айни ҳол коргардони «Флэш» Ҷон Фрэнсис Дейли ва Ҷонатан М. Голдштейн ӯҳдадор карда шудаанд, ки сенариянависи блокбастери «Человек-паук: Возвращение домой»-ро ба еор ҷалб намоянд.

Пас аз кори бебарори «Лига справедливости» студияи Warner ба хулосае омад, ки дар интихоби комиксҳои DC барои филм эҳтиёт кунад. Ба наздики филми «Аквамен» мебарояд, ки нисбат ба дигар тасвирҳои ғамгину дилгиркунанда фарқи зиёд дорад. Студия инчунин нақша дорад, ки Бен Аффлекро аз иҷрои нақши Бэтмен гирад. Ба наздикӣ Ҷеймс Ганнро барои аз рӯи сиквели «Отряд самоубийц» кор кардан қабул карданд.

Сарчашма: https://www.kinopoisk.ru/news/3273474/