Оё UFC ба тавсияи қаҳрамони худ дар вазни сабук гӯш медиҳад? Ба наздикӣ хоҳем фаҳмид.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ аз сардори UFC Дэйна Уайт хост, то аз бахши сабуктаринҳо даст накашад.

Варзишкори доғистонӣ дар сафҳаи твиттераш нигоштааст:

“Дэйна, бахши сабуктаринро нигаҳ дор, коре накунаш. Ин бачаҳо хонавода доранду ба пул ниёзманд ҳастанд”.

  • Рӯзи якшанбе Ҳенрӣ Сехудо бо замингир (нокаут) кардани Ти Ҷей Диллашоу дар 32 сония, камарбанди қаҳрамонии UFC дар вазни сабукро дар худ нигаҳ дошт.
  • Дар бахши сабуктарин варзишкорони дорои то 57 кг меразманд. Бино бар овозаҳо UFC ин бахшро метавонад бекор намояд.

Сарчашма: https://www.eurosport.ru/mixed-martial-arts/story_sto7103388.shtml