Порчае аз филми ҷангии «Ангелы Чарли» нашр шуд

Трейлери аввалини версияи нави филми ҷангии «Ангелы Чарли» рӯзи 27-уми июн аз ҷониби ширкати Sone Pictures пешниҳоди ҳамагон гардид. Ролик аз он оғоз мегардад, ки барномасоз Елена дар бораи иштирокаш дар яке аз лоиҳаҳои энергетикие, ки мехоҳанд онро ба силоҳи махсус табдил диҳанд, хабар медиҳад. Агентии детективии Чарлӣ Таунсенда мехоҳад нақшаҳои беҳамтои ӯро барбод диҳад. Ҳамин тавр Елена ба ҳайати духтарони ҷосуси махсус дохил мегардад. Онҳо ба Елена хусусияти корашонро нишон медиҳанд, чизҳои заруриро барояш пешниҳод намуда, тарзи истифодабарии онҳоро меомӯзонанд ва пурра ба фаъолияти ояндааш омода месозанд.

Ҳамчунин дар трейлер дар нақши роҳбари агентии махсуси Чарлӣ Тауншенд — Элизабет Бэнкс ҳунарнамоӣ мекунад, ки дар тасвир ба ҳайси коргардон шинохта мешавад. Дар ролики мазкур порчаи суруде гузошта шудааст, ки барои филми Ариана Гранде, Майлӣ Сайрус ва Лана Дел Рей омода намуда буданд.

Филми «Ангелы Чарли» 14-уми ноябри соли равон дар тамоми ҷаҳон ба намоиш гузошта мешавад.

Сарчашма: intermedia.ru

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед! https://t.me/boomstj