Модари 118 кӯдак

Дар Чин занеро бо номи Лӣ Янся, ки 118 кӯдакро ба фарзандхонӣ гирифтааст, ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. Ӯро ба қаллобӣ ва найранг (шантаж) айбдор месозанд. Дар ин бора Бӣ-Бӣ-Сӣ хабар медиҳад.

Дар бораи Лӣ Янся бори аввал соли 2005 гуфта буданд. Зан ба расонаҳо (СМИ) гуфта буд, ки пас аз он ки шавҳари собиқаш фарзандашонро ба ҳафт ҳазор юан фурӯхт, кӯдаконро ба фарзандхонӣ гирифтан шурӯъ кард. Лӣ кӯдакашро баргардонд ва баъд аз он тасмим гирифт, ки ба дигар кӯдакон кумак кунад. Аввалин кӯдакро ӯ соли 1996 ба фарзандхонӣ гирифт. Баъдтар, вақте ки фарзандон зиёд шуданд, зан парваришгоҳи (приют) «Деҳаи муҳаббат»-ро боз кард. Соли 2017 Лӣ 118-ум кӯдакро ба фарзандхонӣ пазируфт.

Моҳи майи соли 2018 маълум гардид, ки парваришгоҳ дар тӯли се соли фаъолият аз санҷишҳои солона канораҷӯйӣ карда, дар амалҳои ғайриқонунӣ гумонбар дониста шуд. Пулис пас аз тафтиш дар суратҳисобҳои бонкии бонуи чинӣ беш аз 20 миллион юан ва 20 ҳазор доллар дарёфтанд. Ҳамчунин маълум гашт, ки Лӣ соҳиби якчанд мошинҳои тамғаи Land Rover ва Mercedes мебошад.

Li Yanxia  Дар Чин модари соҳиби 118-кӯдакро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд Li Yanxia

Дар натиҷа муфаттишон ба хулосае омаданд, ки зан аз соли 2011 ба қаллобӣ машғул аст – аз ҳисоби хайрияҳо пулшуйӣ мекардааст. Тибқи қарори додгоҳи шаҳри Уан, «Лӣ Янси қонунҳои миллиро нодида гирифта, барои ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ аз вазифаи худ истифода намудааст».

Занро ҳамчунин ба маблағи 2,7 миллион юан ҷарима карданд. Ҳамроҳӣ Лӣ боз 15 нафари дигарро вобаста ба парвандаи мазкур ба суд кашиданд. Шарики асосии ӯ, марде бо номи Сю Сӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, инчунин аз ӯ 1,2 миллион юан ҷарима ситониданд. Шарикони боқимондаашро аз як солу ду моҳ то чор сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Сарчашма: esquire.ru

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед! https://t.me/boomstj