Добро пожаловать в Zомбилэнд 2

Порае аз филми ҷангӣ ва фоҷиавии «Добро пожаловать в Zомбилэнд 2» дар шабакаи YouTube пахш шуд.

Аз лаҳзаи ба тамошобинон пешниҳод шудани филми «Добро пожаловать в Zомбилэнд» аллакай даҳ сол сипарӣ шуд, вале қаҳрамонони филм Вудӣ Харрелсон, Эмма Стоун, Ҷессӣ Айзенберг ва Эбигейл Бреслин ҳоло ҳам дар сафари Амрико ҳастанд. Дар минтақае ки аз зомбиҳои хунхор пур аст. Онҳо бо тамоми қувваю боварӣ кӯшиши зинда монданро мекунанд.

Доир ба сужаи «Добро пожаловать в Zомбилэнд 2» маълумоти кам дастрас гардидааст. Қаҳрамонон ба Кохи сафед ворид мегарданд. Пас аз он саргузаштҳои нав ва ҷолиб оғоз мегардад.

Коргардони филм Рубен Фляйшер мебошад.

Дар нақшҳои асосӣ Ҷессӣ Айзенберг, Эмма Стоун ва Вудӣ Харрелсон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Нахустнамоиши филм дар толорҳои синамои ҷаҳон 10-уми октябри соли равон дар назар аст.

Сарчашма: kinopoisk.ru

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед! https://t.me/boomstj