Imagine Dragons

Нахустнамоиши клипи «Birds»-и гурӯҳи Imagine Dragons рӯзи 24-уми июл баргузор гардид.

Роликро дар сабки аниме коргардон Зак Вонг ба навор гирифтааст. Дар он саргузашти Икараи замонавӣ – писаре, ки ба мисли модараш парвоз карда метавонад бозгӯйӣ шудааст. Аммо болҳои афзоянда ва парҳои баромадаистода, боиси масхараи ҳамсинфон мегардад. Вай кӯшиш мекунад, ки аз ин қобилият раҳо шавад ва писари одӣ гардад, аммо модараш бо намунаи ибрат нодуруст будани ӯро исбот мекунад, гарчанде ки ин ба фоҷиа оварда мерасонад…

Суруди «Birds» ба албоми охирини гурӯҳ бо номи «Origins» шуд, ки моҳи ноябри соли 2018 баромадааст.

Сарчашма: intermedia.ru

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед! https://t.me/boomstj