Силвестр Сталлоне

Ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Силвестр Сталлоне барои иштирок дар маросиме, ки ташкилкунандагон аз мухлисон барои акс гирифтан бо ситора пул ҷамъ меоранд, танқид карда шуд. Дар ин бора The Independent хабар медиҳад.

Ҳангоми маросими An Experience with…, ки дар шаҳрҳои Лондон, Манчестер ва Бирминг ба нақша гирифта шудааст, мусоҳиба бо Сталлоне мегузарад ва ҳамчунин музоядаҳо (ауксион) баргузор мегардад, ки фурӯши чизҳои хотиравӣ аз филмҳои ӯ дар назар аст.

Меҳмононе, ки мехоҳанд бо Сталлоне акс бигиранд, бояд 849 фунт стерлинг пардохт кунанд. Ин гуна аксҳо ҳамагӣ даҳто мешавад. Ба ҳаводороне, ки ба худ иҷозати сарф кардани чунин маблағро намедиҳанд, акс пешниҳод карда мешавад, ки ба ғайр аз Силвестер боз як мухлиси дигар низ хоҳад буд ва нархи он 745 фунт мебошад.

Ташкилкунандагон тавзеҳ доданд, ки гуфтугор ва овардани ҳунарманди “ин сатҳ” хеле гарон аст ва “сифати хуб пул меистад”.

Сарчашма: life.ru

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед! https://t.me/boomstj