Samsung-Mobile-Design-Competition

Мӯҳлати ниҳоӣ4 августи соли 2019

Грант: 5000$

Замон: 2019

Макон: Бритониёи Кабир, Амрико

Тавсиф

Озмуни Samsung Mobile Design Competition – озмуни ҷаҳониест, ки иштирокчиёнро водор месозад, то ки онҳо барои озмун истифодабарии таҷҳизоти мобилии Galaxy-ро бо ягон навовариаш пешниҳод созанд.

Озмун аз ду категория иборат аст:

  1. Категорияи Next Mobile – коркард ва пешниҳоди лавозимоти нав барои смартфон, планшет ва дигар таҷҳизотҳои мобилии Galaxy ба ҳисоб меравад. Ғилоф (чехол) барои смартфонҳо, планшетҳо, тасмаҳо барои соат ва ё ғилоф барои гӯшониҳо (наушникҳо), ки имконоти дастгоҳро васеътар мекунад ва ба истифодабарандаи он роҳату ҳаловат мебахшад.
  2. Ин категория Next Mobile Wallpaper Paradigm номида шудааст. Он аз иштирокчиён офариниши тарҳи (дизайни) нав барои дастгоҳи Galaxy талаб месозад.

Мукофотҳо:

Мукофотҳои озмун дар умум 40 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар ҳар категория ғолибон бо шоҳҷоиза дар ҳаҷми 10 000 доллар, иштирокчие, ки ҷойи дуюмро ишғол менамояд, 5000 доллар ва ҷоизадори сеюм сазовори 3000 доллар мегарданд. Илова бар ин дар ҳар категория як нафарӣ ҷои чорум ва панҷумро бо ҷоизаи 1000 долларро ба даст меоранд.

Талаботҳо барои довталаб:

  • Иштирок дар озмун озод аст. Дархостҳо аз як нафар ва ҳамчунин аз гурӯҳҳо қабул карда мешавад. Довталабон метавонанд дар ду категорияи озмун иштирок кунанд.
  • Давталаб аз 18-сола бояд боло бошад. Корҳи ҳам аз дизайнерони касбӣ ва ҳам аз донишҷӯёни соҳаи дизайнерӣ қабул карда мешавад.
  • Иштирокчиён бояд имкони рафтан ба Бритониёи Кабир дар 24 то 26 сентябри соли равон дошта бошанд, то ки кори худро дар Лондон муаррифӣ кунанд. Бар замми ин, се нафари ҷои асосиро сазоворгашта ба конфронси таҳиягарони Samsung ба Сан-Хоси Амрико аз 28 то 31 октябри соли 2019 барои маросими ҷоизасупорӣ даъват мегарданд.

Маълумоти муфассал дар сомонаи ташкилотчиён.

Сарчашма: grantist.com

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед! https://t.me/boomstj