Масълаи математикӣ

Дар шабакаи иҷтимоии Твиттер аз пушти масъалаи математикӣ баҳси доғ ба миён омад. Ба сабаби гуногунии ҳалли масъала, истифодабарандагон натиҷаҳои гуногун ба даст оварданд.

Ҳамааш аз он оғоз шуд, ки истифодабарандае бо ники pjmdol дар Твиттер бо хоҳиши кӯмак дар ҳалли ин мисол пост гузошт:

Ҷавоби як қисми истифодабарандагон 16 баромад.

Қисми дигар ҳангоми ҳалли масъала ҷавоби 1-ро гирифтанд.

Баҳс аз он оғоз шуд, ки баъзеи истифодабарандагон дар ин фикр буданд, ки амали қавсро бояд аввал иҷро кардан лозим аст, баъд – зарбро ва дар охир тақсимро. Оппонентҳо дар он фикранд, ки аввал бояд тақсимро ҳал намуд.

Яке аз истифодабарандагон кӯшиш кард, ба баҳс хотима бахшад, аз ин рӯ гуфт,  вобаста ба системаи дар мактаб таълим додашуда ҳарду василаи кор дуруст аст.

Ҳамин тавр, истифодабарандагони шабакаи твиттер ба як фикр наомаданд.

Сарчашма: esquire.ru