Сигоркашӣ — яке аз одатҳои носолими одамон мебошад. Ба ғайр аз зиёдшавии хатари саратони шуш (ки ба гуфти муҳаққиқон, пас аз 10 соли истифода набурдани сигор, ду маротиба кам мешавад), он боз ба эҳтимоли афзудани бемории кӯҳнаи шуш сабабгор шуда метавонад, ки баъзан нафастангиро ба вуҷуд меорад. Инчунин он ба ҳолати ҷиддии саломатӣ, ки асосан ба роҳи диққи нафас тааллуқ дорад, бемории гулӯ ва фурӯбарӣ оварда мерасонад.

Хушбахтона, шумораи сигоркашон сол аз сол кам шуда истодааст. Тарғиби тарзи ҳаёти солим, ки сигоркаширо на он қадар хуб ва муднок нишон додааст, чунонки пеш дар зинаи боло қарор дошт, меистад.

Ба ғайр аз ин сиёсати давлатӣ ба муносибати сигоркашӣ натиҷаи хубро нишон дод. Дараҷаи сигоркашони аҳолии калонсоли Амрико кам шудааст, яъне дар соли 1965 ба 42% расидааст ва то соли 2015 то 15% расид. Солҳои охир дар Русия шумораи сигоркашон нисбатан кам шудааст: аз 40% дар соли 2013, дар соли 2015 32% ва соли 2017 бошад ба 26% баробар гашт.

Ба ҳар ҳол омилҳои хатарнок вуҷуд аст, ки нисбат ба сигоркашӣ дида ҳам хатарноканд ва ҳам зарари зиёдтар доранд. Коршиносон муайян карданд, ки онҳоро аз ҳаёти худ дур кардан осон нест. Чӣ омилҳо мавҷуд аст, ҳоло бароятон мегӯем.

Танҳоӣ

Машҳуршавии шабакаҳои иҷтимоӣ ва камтаршии вохӯриҳои дӯстона ба ҳамин оварда расонид, ки Вивек Мертӣ (Vivek Murthy), доктори илмҳои тиб ва ҷарроҳи асосии амрикоӣ ин усули ҳаёти басарбарии одамонро эпидемияи глобалӣ номид. Ва ин ҳолат хатари марговар дорад. Тадқиқотҳо дар ин мавзӯъ хеле зиёд аст, вале мо танҳо яке аз онҳоро мегӯем: олимон аз Донишгоҳи Бригам Янг (Brigham Young University) муайян намуданд, ки танҳоӣ умри инсонро бо ҳамон қадаре, ки 15 сигор дар як рӯз кам менамояд, баробар аст.

Тарзи ҳаёти шишта

Тарзи ҳаёти шишта хатари пайдоиши намудҳои гуногуни бемории саратонро ба миён меорад. Тавре Business Insider хабар медиҳад, барои ба даст овардани натиҷаҳои аниқ, олимон дар озмоиши худ 4 000 000 одамро истифода бурданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки нишастани зиёд дар давоми рӯз дар ҳар ду соат боиси пайдоиши саратони рӯдаи ғафс мегардад ва ба эндометрияву бемориҳои шуш оварда мерасонад.

Норасоии хоб

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Амрико бедорхобиро мушкилоти асосии тандурустии ҷомеа меноманд: маълумотҳо ногувор аст — аз 50 то 70 миллион амрикоиҳо аз бехобӣ азият мекашанд. Бемории онҳо дар ҳар зина қарор дорад.  Мутахассисон инчунин қайд намуданд, ки чунин мушкилот дар тамоми кишварҳои пешрафтаи тараққикарда зиёдтар дида мешавад.

Профессор Валерий Гафаров аз ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ соли 2015 гуфта буд, ки норасоии хоб хатари инсулт ва сактаи дил ба ҳамон зинае, ки кашидани мунтазами табак оварда мерасонад, баробар мегардад.

Истеъмоли нодурусти хӯрок

Тадқиқотҳои бисёркаратаи олимон нишон додааст, ки ширинҳое ки коркард карда мешаванд ва дар таркиби худ равғаннокии зиёд доранд, метавонанд хавфи ба вуҷуд омадани бемориҳои хатарнок монанд ва ё баробари зинаи сигоркашӣ бошад. Ҳамин тавр, соли 2016 олимон миёни алоқамандии марг ва истеъмоли нодурусти хӯрок тадқиқоте гузарониданд, ки натиҷаи чунин нишон дод: истеъмоли нодурусти хӯрок аз нӯшокиҳои спиртӣ, нашъа, алоқаҳои нодурусти ҷинсӣ ва сигор дида, зудтар ба марг оварда мерасонад.

Сарчашма: med.vesti.ru