Дуэйн Ҷонсон ва Лорен Хашиан

Дуэйн Ҷонсон, ҳунарпешаи саршиноси амрикоӣ ва дӯстдоштаи ӯ Лорен Хашиан рӯзи 18-уми август дар иёлати Гавайии Амрико издивоҷ карданд. Дар ин бора ҳунарманд дар инстаграми худ, бо гузоштани аксе аз маросими издивоҷ хабар додааст.

Ҷонсон ва Хашиан ҳанӯз соли 2006 бо ҳам шинос шуданд ва дере нагузашта онҳо ба вохӯрӣ оғоз карданд. Декабри соли 2015 онҳо духтарчадор шуданд, ки Жасмин ном дорад ва апрели соли 2018 духтари дуюмашон Тиана ба дунё омад. Дуэйн ҳамчунин бо проюсер Дэнӣ Гарсия аз соли 1997 то 2007 дар издивоҷ буданд, аз ин муносибат онҳо духтаре бо номи Симона доранд.