Мумкин аст, ба барномаи таълимӣ дарсҳои Dota 2 ва FIFA ворид гардад

Вале на дар Тоҷикистон, балки дар Русия.

Институти рушди интернет (ИРИ)-и Русия дар якҷоягӣ бо Федератсияи варзиши компютерӣ рӯйхати фанҳои киберварзиширо тартиб додааст, ки метавон ба барномаи таълимии мактаби миёна ворид кард. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Ин пешниҳод ба Вазорати маорифи Русия ирсол шуда, дар он қайд гардидааст, ки аксари бозиҳо намудҳои эътирофгаштаи киберварзишӣ мебошанд ва аз рӯи онҳо чемпионатҳои калони байналмилалӣ баргузор мешавад. Ҳамзамон, ин рӯйхат бозиҳоеро чун Minecraft ва CodinGame дар бар мегирад, ки ба киберварзиш марбут нестанд.

Институти рушди интернет бар ин аст, ки бозии Minecraft эҷодкорӣ ва тафаккури абстрактиро, FIFA 19 — мантиқро, Dota 2 ва World of Tanks суръати вокуниш ва тафаккури стратегиро инкишоф менамояд.

Сарчашма: tjournal.ru