Bloomberg рейтинги солонаи оилаҳои сарватмандтарини дунёро тартиб дод. Ба мисли соли гузашта дар ҷои аввали рӯйхат хонаводаи Уолтон қарор гирифтааст, ки соҳиби шабакаҳои мағозаи Walmart мебошад.

Сарвати оилаи Уолтон 190,5 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Тибқи иттилои оҷонсӣ, дар соли гузашта даромади оилаи бойтарин ба 70 ҳазор доллар дар як дақиқа, 4 миллион доллар дар як соат, 100 миллион доллар дар як рӯз афзудааст.

Bloomberg  Bloomberg сарватмандтарин оилаҳои ҷаҳонро номбар кард b785ded88f66c79d7e0094004643ac13 ce 1750x1091x0x0 cropped 960x600

Ба гурӯҳи пешсафони рейтинги Bloomberg инчунин оилаҳое дохил шудаанд, ки соҳиби қаннодии бузурги Mars, ширкати саноатии Koch Industries, корхонаи дӯхти сару либос ва ашёҳои бошукӯҳи Chanel ва сулолаи ҳукмрони Арабистони Саудӣ мебошанд. Оҷонс дороии умумии 25 оилаи сарватманди дунёро 1,4 триллион доллар арзёбӣ кардааст.

Рӯйхати даҳгонаи оилаи сарватмандтарини дунё ин аст:

  1. Уолтон, Walmart, Амрико — $190,5 миллиард
  2. Марс, Mars, Амрико — $126,5 миллиард
  3. Кох, Koch Industries, Амрико — $125 миллиард
  4. Ал-Сауд, сулолаи ҳукмрони Арабистони Саудӣ — $100 миллиард
  5. Вертеймер, Chanel, Фаронса — $57,6 миллиард
  6. Дюма, Hermes, Фаронса — $53,1 миллиард
  7. Ван Дамм, де Мевиус ва Шпелберх, Anheuser-Busch InBev, Белгия — $52,9 миллиард
  8. Берингер ва фон Баумбах, Boehringer Ingelheim, Олмон — $51,9 миллиард
  9. Амбанӣ, Reliance Industries, Ҳиндустон — $50,4 миллиард
  10. Каргилл ва Макмиллан, Cargill Inc, Амрико — $42,9 миллиард