Духтараки амрикоӣ бо ёрии яхдони

Итифодабарандаи 15-солаи шабакаи Твиттер бо номи Доротӣ баъди он ки модараш телефони ӯро гирифт, роҳҳои гуногунро барои ворид шудан ба твиттер пайдо кард, менависад нашрияи The Guardian. Пас аз он ки Доротӣ дар ошхона сӯхтори хурдеро ба вуҷуд овард, ҷазо дода шуд, зеро ҳангоми пухтупаз вай дар шабакаи YouTube ба тамошои видео машғул буд.

Бо вуҷуди монеаҳои намоён, Доротӣ бо истифода аз дастгоҳҳои гуногуни электронӣ ба твиттераш пёмҳо фиристоданро ёд гирифт. Дар аввал ӯ бо истифодаи консоли бозии портативии Nintendo 3DS паём навишт.

“Ман твиттерро ба таври ҳамеша тарк мекунам. Модарам телефонамро аз дастам гирифт. Ман ҳамаи шуморо пазмон мешавам. Гиря мекунам. Хайр”.

Модари Доротӣ фаҳмид, ки духтараш аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунад ва дар саҳифаи ӯ навишт: «Мебинам, ки Доротӣ бо ёрии Nintendo менависад. Ин саҳифа (аккаунт) пок карда мешавад».

Баъдан Доротӣ барои твит дигар роҳ: консоли дигар — Wii U -ро пайдо намуд.

«Ҳей дӯстон. Модари ман дар кор аст, бинобар ин телефонамро меҷӯям. Ба ман барор хоҳед. Шуморо дӯст медорам».

Барои дастгирӣ намудани духтарак ширкати Twitter барои ӯ шуда ҳаштаги (хештег) нав #FreeDorothy («Доротиро озод кунед»)-ро сохт.

Дар ниҳоят, вақте модари вай ҳамаи гаҷетҳои духтаракро мегирад, ӯ бо ёрии яхдони «доно»-и LG твит менависад. Пас аз ин духтаракро дар ширкати LG дастгирӣ намуданд.

«Ман намедонам, ки ин нашр мегардад ё не. Ман бо яхдонам сӯҳбат мекунам, Худоё, ин чӣ ҳол аст. Модарам боз ҳамаи гаҷетҳоямро гирифтааст».

Ҳангоми мусоҳиба бо рӯзноманигорон духтарак гуфт, ки то ҳол ҷазо гирифтааст ва хавотир аст, ки дӯстони дар твиттер будаи худро аз даст медиҳад. Барои ҷавоб додан ба саволҳои рӯзноманигор, ӯ айпади писари амакашро гирифта истифоба бурд.

Сарчашма: esquire.ru