Муҳаммад Салоҳ

Футболбози машҳури бошгоҳи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ барои барқарор кардани Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқи саратони Қоҳира, ки рӯзи 5 август дар наздикии он таркиш ба амал омад, 3 миллион доллар хайр кард.

Тавре расонаҳо хабар доданд, дар натиҷаи таркиш дар Миср 16 нафар кушта ва 21 кас захмӣ шуд. Сабаби таркиш бархӯрди автомобилҳо бо дигар воситаҳои нақлиётӣ дар як хатти ҳаракат гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи гузашта низ Муҳаммад Салоҳ барои харидорӣ намудани дастгоҳҳои тиббӣ барои табобати кӯдакони бемори саратон ба бемористони Миср 660 ҳазор евро садақа намуд. Дар баробари ин ӯ дар зодгоҳаш деҳаи Нагриг мактаб ва бемористон бунёд карда истодааст.

Сарчашма: eurosport.ru