GO VIRAL DUSHANBE

Бори аввал дар пойхати кишвар – шаҳри Душанбе Ҷашнвораи байналхалқии GO VIRAL доир мегардад.

Ҷашнвораи мазкур дар соҳаи бизнес, расона (медиа), фарҳанг ва фанноварӣ (технология) буда, рӯзҳои 14-15 сентябр дар Маркази Исмоилия баргузор ва 700 иштирокчиву 30 суханронро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон ва Тоҷикистон гирди ҳам меорад.

Дар Душанбе Ҷашнвораи байналхалқии “Go Viral” баргузор мегардад photo 2019 08 13 17 05 08 2

Go Viral – ҷашнвораи байналхалқиест, ки сарпарасти он Маъмурияти дипломатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мебошад. Он навоваронро дар соҳаи медиа, фарҳанг, бизнес ва фанновариҳо аз Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида ба ҳам меорад, то онҳо дар бораи майлонҳои (тренд) навтарин ва ғояҳои бузург аз андешамандони пешрафта ва пешвоёни ақидаи ҳар соҳа маълумоти тоза бигиранд. Суханронҳои ҷашнвора – пешакорони фаъол, эҷодкор ва ғамхор аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказӣ мебошанд.

Дар ҷашнвора суханронон дар бораи роҳҳои ба даст овардани даромад аз блог, сохтани контенти бозорёб, омор дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ, каналҳои нави коммуникатсионӣ ва пешбарӣ дар digital ва ғайра маълумот хоҳанд дод.

Иштирок дар ҷашнвораи Go Viral Dushanbe ройгон буда, хоҳишмандон барои роҳ ёфтан ба ин чорабинии бошукӯҳ бояд дар сомонаи расмии он www.goviral.tj номнавис гарданд.

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед!