Аввал Ҷамъият Дар Канада таронаи Metallica духтареро аз пума наҷот дод

Дар Канада таронаи Metallica духтареро аз пума наҷот дод

32

Сокини шаҳри Ванкувери Канада Дӣ Галлант бо ёрии таронаи Don’t Tread On Me-и гурӯҳи Metallica (Амрико) пумаро ронда, аз чанги он халос хӯрд. Дар ин бора вай ба нашрияи Victoria News нақл кардааст.

Рӯзи 23-уми июл вақте ки духтар бо саги хаскии худ дар ҷангал сайр мекард, бо дарранда вохӯрдааст.

“Дар аввал чунин намуд, ки касе маро таъқиб мекунад ва ман ба тарафи рост нигоҳ кардам ва пумаро дидам”, — мегӯяд Дӣ Галлант. Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ҷонвар азимҷусса буд.

Дар оғоз кӯшиш кард, ки бо фарёди худ, ҳамзамон ҳодисаро ба навор гирифта, пумаро тарсонад.

Ҳангоме ки фарёди ӯ кӯмак накард, Дӣ дар телефонаш мусиқии баландро ҷустанро оғоз кард ва дар натиҷа суруди Metallica-ро монд.

“Ҳамин ки суруд ба бозӣ шурӯъ кард, пума дар паси буттаҳо нопадид шуд” – мегӯяд ӯ. Эҳтимол, дарранда намехост чизе бихӯрад, ки маззаи «металлӣ»-ро дар даҳонаш боқӣ гузорад”.

Ана ҳамон суруде, ки ҳаёти духтарро наҷот дод, ин аст:

«Ман мехостам ягон рӯз бо гурӯҳ тамос бигирам ва ба Ҷеймс Ҳетфилд [вокалисти Metallica] бигӯям, ки ӯ ҳаёти маро наҷот дод», — мегӯяд Дӣ Галлант.

Сарчашма: esquire.ru