Эд Ширан, овозхони маъруфи бритониёӣ консерти охирини худро аз сафари ҳунарии «Divide» рӯзи 26-уми августи соли ҷорӣ дар боғи Chantry Park, дар зодгоҳаш Ипсвич баргузор кард. Мусиқинавоз бо мухлисонаш хеле гарм сӯҳбат намуд ва дар охири барнома гуфт, ки фаъолияти консертдиҳиро мӯҳлати дурудароз қатъ мекунад.

— Чунонки медонед ва ё шояд намедонед, беш аз ду сол дар сафари ҳунарии «Divide» будам ва ин охирин рӯз аст. Тамом, — гуфт Эд. – Ин рӯз барои бисёриҳо рӯзи эҳсосотӣ буд. Эҳсоси аҷиб, гӯё ту бо духтаре, ки солҳои дароз бо ӯ будӣ, ҷудо мешавӣ. Аҷиб менамояд, аммо ин сафари тӯлонӣ буд. Якчанд сол пас вомехӯрем. Сипосгузорам!

Ширан ин нияти худро дар мусоҳиба бо нашрияи Sun тасдиқ кард:

— Дар 18 моҳи наздик ин консерти охирини ман аст.

Тибқи иттилои нашрия, овозхон нақша дорад, ки ба шарафи анҷом ёфтани сафари ҳунарӣ базми калон ташкил ва баъдан истироҳат кунад ва вақти худро бо ҳамсараш Черрӣ Сиборн, ки моҳи декабри соли 2018 издивоҷ карда буданд, гузаронад.

Сарчашма: intermedia.ru