Гаронарзиштарин ҳунарманди синамо миёни бонувон эълон шуд

Маҷаллаи амрикоии Forbes рейтинги сарватмандтарин ҳунарпешаҳои синаморо миёни бонувон тартиб дод.

Ҳунарпешаи амрикоӣ Скарлет Йоханссон дар рейтинги солонаи Forbes ҷойи аввалро ишғол намуд. Соли 2019 даромади Йоханссон 56 миллион долларро ташкил дод, ки 15,5 миллион доллар аз соли гузашта зиёдтар аст. Муваффақияти мазкурро ба ҳунарпеша бисёртар филми “Қасосгирандагон: Хотима” (Мстители: Финал) овард, ки барои нақши Беваи сиёҳ ӯ $35 млн гирифт.

Дар ҷойи дуюм ҳунарпешаи колумбиягӣ София Вергара ($44,1 миллион) қарор гирифт, ки бо нақши худ дар силсилафилми телевизионии «Оилаи амрикоӣ» (Американская семейка) маъруф аст. Ҷойи сеюм насиби ҳунарпешаи амрикоӣ Риз Уизерпун ($35 миллион) гардид. Аввалин маротиба дар даҳгонаи беҳтарин ҳунарпешагон Элизабет Мосс ва Марго Роббӣ дохил шуданд.

Маҷалла маълумотҳоро аз давраи 1 июни соли 2018 то 1 июни соли 2019 ба назар гирифта, ҳамаи маблағҳо пеш аз андозбандӣ нишон дода шудаанд. Даромади умумии даҳ актрисаи беҳтарин 314,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба даромади умумии актрисаҳо дар соли 2018 69% зиёд аст, аммо аз рӯйхати шабеҳи ҳунармандон хеле камтар аст — $588,3 миллион.

Феҳристи гаронарзиштарин ҳунарпешаҳои синамо ин аст:

  1. Скарлетт Йоханссон — $56 миллион
  2. София Вергара — $44,1 миллион
  3. Риз Уизерспун — $35 миллион
  4. Никол Кидман — $34 миллион
  5. Ҷеннифер Энистон — $28 миллион
  6. Кейлӣ Куоко — $25 миллион
  7. Элизабет Мосс — $24 миллион
  8. Марго Робби — $23,5 миллион
  9. Шарлиз Терон — $23 миллион
  10. Эллен Помпео — $22 миллион

Сарчашма: esquire.ru