Маҷаллаи Forbes рӯйхати сердаромадтарин ҳунарпешаҳои ҷаҳонро нашр намуд.

Зинаи аввали рейтингро ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Дуэйн Ҷонсон «Сахра» касб намудааст. Ӯ дар 12 моҳ 89,4 миллион доллар даромад дидааст, ки фоидаи умдаро аз фурӯши филмҳои «Иморати осмонхарош» (Небоскреб) ва «Форсаж: Хобб ва Шоу» ва нақшофарӣ дар ҳар қисмати силсилафилми «Бозигарони футбол» (Футболисты) дарёфт кардааст.

Дуэйн Ҷонсон  Forbes сердаромадтарин ҳунармандони синаморо номбар кард d41d8cd98f00b204e9800998ecf8427e 1
Дуэйн Ҷонсон

Дар мавқеи дуюм а сеюм — Крис Хемсворт ($76,4 млн) ва Роберт Даунии хурдӣ ($66 млн) қарор гирифтаанд, ки ин миқдор пулро онҳо барои нақшофарӣ дар филми «Қасосгирандагон: Хотима» (Мстители: Финал) ба даст оварданд, ки дар таърихи синамо аз ҳама зиёд маблағ ҷамъоварӣ кардааст. Дар ин ҷадвал Бредлӣ Купер (ҷойи 6 — $57 млн) низ шомил гардид ва ҷолиб он аст, ки 10% даромади ӯро садо додан ба қаҳрамони филми «Қасосгирандагон: Хотима» Енот ташкил медиҳад, 70%-и дигарро бошад – коргардонии ӯ бо ҳамроҳии Ледӣ Гага дар филми «Ситораҳо таваллуд шуд» (Звезда родилась): филм бо буҷаи 36 миллион доллар дар саросари ҷаҳон 435 миллион доллар ҷамъ овард, ки 40 миллиони он аз Купер гашт.

Дар ҷойи даҳум Уилл Смит мебошад. Ҳунарманд дар филми «Аладдин»-и студияи Disney нақши Ҷинро офарид ва дар як сол $35 миллион кор кард.

Сердаромадтарин ҳунармандони ҷаҳон инҳоянд:

  1. Дуэйн Ҷонсон (Амрико) — 89,4 миллион доллар
  2. Крис Ҳемсворт (Австралия) — 76,4 миллион доллар
  3. Роберт Даунии хурдӣ (Амрико) — 66 миллион доллар
  4. Акшай Кумар (Ҳиндустон) — 65 миллион доллар
  5. Ҷекӣ Чан (Амрико) — 58 миллион доллар
  6. Бредлӣ Купер (Амрико) — 57 миллион доллар
  7. Адам Сендлер (Амрико) — 57 миллион доллар
  8. Крис Эванс (Амрико) — 42,5 миллион доллар
  9. Пол Радд (Амрико) — 42 миллион доллар
  10. Уилл Смит (Амрико) — 35 миллион доллар