Натиҷаи маблағҳои бадастоварда аз кинолоторҳои ИМА барои рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз санаи 9 то 11 август маълум гардид. Мувофиқи маълумотҳои Box Office Mojo, панҷ лоиҳаи нав ба даҳгонаи беҳтаринҳо роҳ ёфтанд.

Ҷойи аввалро филми «Форсаж: Хоббс ва Шоу» сазовор гашт. Филм дар намоиши рӯзҳои истироҳатии худ 25,4 млн доллар ва дар тӯли ду ҳафта 108,5 млнро соҳиб гардид.

Намоиши байналмилалӣ ба лоиҳа боз 60,8 млн овард. Ҳамин тариқ, берун аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико филм аллакай 224,1 млн долларро ба даст овард. Дар рӯзҳои истироҳатӣ он дар Фаронса (6,9 млн), Италия (2,6 млн) ва Белгия (1,6 млн) ба намоиш гузошта шуд. Рӯзҳои наздик филм дар Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ба тамошобинон бояд пешкаш гардад.

«Подшоҳ Шер»: Қаҳрамонҳои филм бо ҷонварон шинос шуданд  «Форсаж» боз ҳам сазовори ҷои намоён гардид
«Король лев»

«Король лев» бо ҷамъ овардани 20 млн доллар ба зинаи сеюм фаромад. Филм 48% даромадашро аз даст дод ва дар умум дар Амрико бо намоиши чорҳафтаина аллакай 473,1 млн долларро ба хазинаи худ ворид намуд.

Дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда, филм дар Ҷопон рӯи пардаи синамо омада, 9,3 млн доллар ҷамъоварӣ намуд. Ҳамагӣ берун аз Иёлоти Муттаҳида маблағи ҷамъовардаи филм 861,5 млнро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, навгонии мазкур аллакай бо дастоварди худ, ки (1,26 млрд доллар муқобили 1,33 млрд)-ро ташкил медиҳад, бар филми «Красавица и чудовище»-ро ғолиб омад. Ҳамоно филми тасвирии сердаромадтарини ҷаҳон – аз соли 2013 ба ин сӯ «Холодное сердце» (1,28 млрд доллар аз намоиши ҷаҳонӣ) ба ҳисоб меравад.

BTS: Открой свою душу. Филмь  «Форсаж» боз ҳам сазовори ҷои намоён гардид BTS
«BTS: Открой свою душу. Филмь»

Хотимабахши даҳгонаи беҳтарин филми беҳтарини пардаи синамо филми мустанади «BTS: Открой свою душу. Фильм» мебошад, ки дар бораи гурӯҳи машҳури Кореяи Ҷанубист. Ин филм аз рӯйхати даҳгона драмаи «Прощание»-ро берун гузошта, дар ҷои он номи худро гузоштааст. Дар ҳақиқат дастовардҳои ин филм хеле назаррас аст. Гузашта аз ин, азбаски намоиши филм рӯзи ҷумъа оғоз наёфтааст, дар маҷмӯъ то охири ҳафта он тавонист беш аз 4,4 миллион долларро ҷамъ оварад.

ТН

ПН

Филм Санаи намоиш Даромад дар рӯзҳои истироҳатӣ

(доллар)

Дигаргунӣ Рӯйи пардаорӣ Даромади умумии намоиш дар доллар Буҷет дар доллар
1 1 Форсаж: Хоббс и Шоу 2 август 25.400.000 -57.7% 4.344 108.513.780 200.000.000
2 N Страшные истории для рассказа в темноте 9 август 20.800.000 3.135 20.800.000
3 2 Король лев 19 июн 20.000.000 -48.1% 4.220 473.103.826
4 N Дора и Затерянный город 9 август 17.000.000 3.735 17.000.000 49.000.000
5 3 Однажды… в Голливуде 26 июл 11.600.000 -42.0% 3.507 100.331.370 90.000.000
6 N Невероятный мир глазами Энцо 9 август 8.100.000 2.765 8.100.000
7 N Адская кухня 9 август 5.510.000 2.745 5.510.000
8 4 Человек-паук: Вдали от дома 2 июл 5.300.000 -32.9% 2.678 370.972.490 160.000.000
9 5 История игрушек 4 21 июн 4.400.000 -40.1% 2.295 419.578.368
10 N BTS: Открой свою душу. Фильм 7 август 2.296.491 873 4.417.649
11 7 Прощание 12 июл 2.217.690 -8.1% 704 10.322.121
12 N Брайан Бэнкс 9 август 2.145.793 1.240 2.145.793
13 6 Yesterday 28 июн 1.100.000 -55.4% 866 70.454.730 26.000.000
14 9 Аладдин 24 май 819.000 -61.5% 615 352.774.267 183.000.000
15 8 Капкан 12 июл 700.000 -68.0% 757 38.070.074 13.500.000
16 11 Тайная жизнь домашних животных 2 7 июн 410.000 -44.7% 402 156.578.455 80.000.000
17 17 Девушка 28 июн 254.273 +13.8% 173 1.917.185
18 N Арахисовый сокол 9 август 205.236 17 205.236
19 14 Мстители: Финал 26 апрел 197.000 -48.6% 237 857.916.768 356.000.000
20 13 Солнцестояние 3 июл 158.226 -61.5% 150 25.683.440