Роботи файласуф

Роботи русиягии «Фёдор», ки рӯзи 22-уми августи имсол ба Истгоҳи байналмилалии кайҳон (ИБК) равон мешавад, шӯхӣ кардан ва фалсафасозиро омӯхтааст. Дар ин бора РИА «Новости» бо ишора ба Александр Блошенко, иҷрокунанди вазифаи мудири барномаҳои ояндадору илми ширкати «Роскосмос» медиҳад.

— Роботи Skybot F-850 мисли ҳамагон хеле хушчақчақу зариф аст. Ӯ дар мавзӯъҳои гуногун метавонад сӯҳбат кунад, ба саволҳои ҳархела аз саломалейк сар карда то дар бораи созандагони худу фалсафаи кайҳон ҷавоб диҳад, — иброз дошт Блошенко.

Ба гуфтаи ӯ, дар киштии «Союз МС-14» нишаста пеш аз ба кор андохтани ракетаи ҳомили «Союз-2.1а», робот тайёрии пеш аз оғози парвозро гузориш медиҳад, ҳамчунин дар бораи вазъияти ҷорӣ хабар мерасонад. Дар марҳилаи ба кор андохтани киштӣ ба мадор, Skybot арзиши изофабор ва фарорасии бевазниро муайян мекунад.

Системаҳои электронии робот ба батареяҳои скафандрҳои «Орлан» пайваст карда мешаванд, ки дар он кайҳонавардон одатан ба кайҳон мебароянд.

Хотиррасон менамоем, ки «Фёдор» дар арафаи парвоз дар ИБК номи нав гирифт — Skybot F-850. Бар замми ин барои он ки «Федор» дар фазо озодона ҳаракат кунад, онро хурдтар карданд. Инчунин, қабл аз парвоз ба ИБК, робот функсияи ёвари овозро пайдо кард ва саҳифаи худро дар шабакаи иҷтимоии Twitter кушод.

Сарчашма: life.ru