Ширкати Huawei сомонаи баҳрабардории (системаи оператсионӣ) худро, ки HarmonyOS номгузорӣ шудааст ва дар Чин бо номи нисбатан машҳури HongmengOS фаъол хоҳад гашт, расман пешкаши ҳамагон гардонид. Муаррифии навгонӣ дар чорчӯби ҳамоиши Huawei Developer Conference — 2019 баргузор шуд.

Ба гуфтаи истеҳсолкунанда, дар заминаи (база) платформа смартфон, баландгӯяки «доно» ва таҷҳизотҳои интернетӣ кор карда метавонад. Дар ҷараёни анонс функсияи видеочат пешниҳод карда шуд, ки дар як вақт ҳам дар смартфон ва ҳам дар телевизор ба кор бурдан мумкин аст.

Ширкат ҳанӯз тарзи кор кардани системаи оператсиониро дар дастгоҳҳои мобилӣ нишон надодааст. Тавре XDA Developers қайд кардааст, санаи 10 августи соли ҷорӣ системаи HarmonyOS дар телевизиони Honor Vision TV нишон дода мешавад. Хусусияти назаррас ва асосии система чандистифодабаранда будани он ба ҳисоб меравад. Таҳиягарони он ба ин нозукиҳо диққати бештар медиҳанд.

«Мо умедвор ҳастем, ки маҳсулоти мо ба оламиён ва тамоми дӯстдорони навовариҳо писанд меояд ва ҳаёти онҳоро нисбатан қулай мегардонад», — баён кард иҷрокунандаи вазифаи директори Huawei Ричард Ю ҳангоми муаррифии система.

Умед аст, ки HarmonyOS нисбат ба таҷҳизотҳои ширкати Android ҷойи намоёнтарро касб менамояд ва маҳбубияти истифодабарандагонро соҳиб мегардад.

Сарчашма: hi-tech.mail.ru