Студияи Disney порае аз филми “Ҷанги ситорагон 9: Скайуокер. Тулӯъ” (Звездные войны 9: Скайуокер. Восход)-ро дар ҷашнвораи D23 Expo нишон дод.

Навор аз порчаҳои қисматҳои филми гузашта иборат мебошад, аммо дар он якчанд саҳнаҳои филми ояндаро низ дидан мумкин аст. Аз ҷумла, онҳо нишон доданд, ки чӣ гуна қаҳрамони асосӣ бо номи Рей бо шамшери сурх — силоҳи анъанавии ситхҳо мебарояд. Оё ин маънои онро дорад, ки Рэй ба тарафи Қувваи бадӣ мегузарад, ҳанӯз маълум нест. Танҳо ҳамин маълум аст, ки қисмати нуҳуми “Ҷанги ситорагӣ” достони оилаи Скайуокерҳо ва муқовимати онҳо бо ситхҳо таҳти роҳбарии Палпатинро ба итмом мерасонад.

Ҳамчунин постери филмро ба тамошобинон нишон доданд: дар он қаҳрамонҳои трилогияи нав Рей ва Кайло Рен меҷанганд ва дар пасманзари (фон) он Палпатин – золими асосии филм намоён аст.

Порае аз филми «Ҷанги ситорагон 9» ба Интернет роҳ ёфт Star

Дар филм Донал Глисон, Дэйзи Ридли, Люпита Нионго, Адам Драйвер, Оскар Айзек ва дигар ҳунармандон нақшофарӣ намудаанд.

Сарчашма: esquire.ru