Ҳунарпешаи писандидаи хурду бузург Ҷекӣ Чан ба пойтахти Русия – шаҳри Маскав меояд.

Сафари Ҷекӣ рӯзи 10-уми сентябр дар назар гирифта шудааст. Ҳунарманд дар Маскав филми русӣ-чинии “Сирри мӯҳри аҳдаҳо” (Тайна печати дракона)-ро пешкаши ҳаводорон мегардонад.

Филми мазкур дар толорҳои синамо рӯзи 19-уми сентябр ба намоиш гузошта мешавад.

Тайну печати дракона  Ҷекӣ Чан ба Русия меояд

Дар баробари Ҷекӣ Чан дар ин лоиҳа ҳунарманди муваффақи ҷаҳонӣ Арнолд Шварснеггер низ иштирок намудааст. Ҳаракатҳои филм саргузашти харитасози инглис Ҷонатан Гринро дар бар мегирад, ки шоҳи Русия Пётри I ӯро бо супориши хоса ба Шарқи Дур мефиристад.