Ҷеймс Бонд бармегардад! Тафсилоти филми нав ошкор гардид

Созандагони филми 25-умини Ҷеймс Бонд эълон карданд, ки қисми нав чӣ номида мешавад ва кай рӯйи экранҳо мебарояд – эълон дар ҳама шабакаҳои расмии агенти 007 пайдо шуд.

Ҳамин тавр, филм «Вақти мурдан нест»  (No time to die) ном хоҳад гирифт ва он моҳи апрели соли 2020 мебарояд – 3-юми апрел дар Бритониёи Кабир ва 8-уми апрел дар ИМА (санаи рӯнамоӣ дар дигар кишварҳо ҳоло маълум нест).

Инчунин маълум гардид, ки наворбардории филм моҳи апрели соли равон дар Ямайка оғоз ёфтааст: мувофиқи сужа, агенти 007 пас аз хориҷ шудан аз ҷойи кор вақти худро оромона дар Ямайка мегузаронад, вале бо хоҳиши дӯсташ Феликс Лейтер аз Идораи марказии ҷосусӣ (МИИ) боз ба кор бармегардад.

Дэниел Крейг соли 2017 тасдиқ карда буд, ки дар образи Ҷеймс Бонд бори панҷум рӯи экранҳо мебарояд.

Илова бар ин соли ҷорӣ эълон карданд, ки Рамӣ Малек — ҳунарманд ва ғолиби «Оскар» барои нақши Фредди Меркюрӣ дар «Bohemian Rhapsody» дар филм нақши золимро меофарад.

Сарчашма: esquire.ru