Ҷошуа Бекфорд - нобиғаи 13-солае, ки донишҷӯи ҷавонтарини Донишгоҳи Оксфорд‍‍ мебошад

Нокс Даниэл ҳангоми даҳ моҳа будани фарзандаш фаҳмид, ки писараш аз дигар кӯдакон фарқ мекунад. Дар ин синну сол хурдсол аллакай метавонист ҳарфҳои тахтакалиди компутарро дар хотир дорад.

Ҳамин тавр, нобиғаи хурдакак дар синни 6-солагияш донишҷӯи ҷавонтарини Донишгоҳи Оксфорд шуд.

Соли 2017 олими ҷавон Ҷошуа Бекфорд, ки айни ҳол 13-сол дорад, яке аз 30 одами беҳтарин ҷаҳон бо гирифтории аутизм (синдроми Каннер) эътироф гашт.

Ба гуфтаи падари нобиғаи наврас, вай хеле барвақт донишҳоро аз худ кардааст, аз омӯзиши ҳарфҳои тахтакалид оғоз ёфтаасту пасон ба омӯхтани рангҳои гуногун шурӯъ кардааст.

Кӯдак дар се солагияш аллакай хуб мехонд ва бо ёрии сабти аудиоӣ бо забони ҷопонӣ мезад. Пеш аз дар варақ навистан, дар компютер чоп карданро омӯхт.

Ҷошуа Бекфорд — нобиғаи 13-солае, ки донишҷӯи ҷавонтарини Донишгоҳи Оксфорд‍‍ мебошад 125536 1

Падари Ҷошуа мегӯяд, тарбия ва таълим додани кӯдаки дорои аутизм мушкил аст. Писари ӯ дар хона таҳсил мегирифт, зеро вай барои мактаби давлатӣ хеле рушд карда буд.

Илова бар ин, Бекфорд бо кӯдакони синну соли худ муошират карда наметавонад, вай бо наврасон ё калонсолон сӯҳбат карданро дӯст медорад.

Падари Даниэл фаҳмид, ки дар Оксфорд кӯдакони лаёқатмандро аз синни 8-13 меомӯзонанд. Ҳарчанд писараш шаш сола буд, ӯро қабул карданд ва вай донишҷӯи ҷавонтарини донишгоҳи бонуфуз гардид.

Донишманди ҷавон на танҳо дорои дониши академикӣ аст, балки дар соҳаи экология ва илмҳои гуманитарӣ комёбиҳои зиёд дорад, аз ҷумла ба Миср таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, китоби бачагонаеро дар бораи тамаддуни бостонии ин кишвар навиштааст.

Бекфорд дар конфронси байналмилалии TEDx дар шаҳри Вена ширкат варзида, манзумаеро бо номи «Наҷоти Модар-Замин» пешниҳод кард, ки ба ҳифзи муҳити зист бахшида шудааст. Барои ин ӯ мукофоти миллӣ гирифт.

Сарчашма: trendru.info