Кайҳоннавард

Кайҳоннаварди итолиёӣ Лука Пармитано дар таърих нахустин диҷейи кайҳон гашт ва дар мадор дар модули Истгоҳи байналмилалии кайҳон (МКС) ҳунарнамоӣ кард. Дар ин бора РИА Новости бо ишора ба Созмони кайҳонии Аврупо (ЕКА) хабар медиҳад.

Рӯзи 13-уми август дар ҷазираи Ибитсаи Итолиё силсилаи мавзӯъҳои кайҳонии BigCityBeats World Club Dome Cruise Edition дар чорчӯби ҷашнвораи мусиқии электронӣ баргузор гардид. Пармитано, ки дар модули Columbus дар ИБК қарор дошт, дар назди тамошобинон ҳунарнамоӣ ва аз таҷрибаи дар мадор будани худро ҳикоят намуд.

Кайҳоннаварди итолиёӣ нахустин DJ дар кайҳон гардид 85a596e5aa76175239aa83cc9c30df5f

Хотиррасон мекунем, ки Пармитано ба ҳайати асосии киштии кайҳонии «Союз МС-13» ҳамроҳ бо кайҳоннаварди рус Александр Сквортсов ва кайҳоннаварди амрикоӣ Эндрю Морган ворид шуд. Онҳо ба ИБК 20 июл парвоз карданд.

Сквортсов ва Пармитано дар истгоҳи кайҳонӣ то 6 феврали соли 2020 (201 рӯз) хоҳанд монд.

Сарчашма: aif.ru