Консерт гузошту пули калон ҷамъ овард: Эд Ширан рекорди ҷаҳонӣ гузошт

Сафари эҷодии сарояндаи бритониёӣ Эд Ширан ҳоло ба итмом нарасидааст, аммо ӯ аллакай 736 млн доллар кор карду рекорди ҷаҳониро зад. Divide tour моҳи марти 2017 оғоз ёфта, рӯзи 26-уми август бо консерт дар шаҳри Ипсуичи Бритониё ба итмом мерасад.

Тибқи иттилои нашрияи The Guardian, дар давоми сафари ҳозира беш аз 8,5 миллионн одам дар 43 кишвар ба консерти Ширан ташриф овардааст. Дар чорчӯби маросими Divide сароянда аллакай 243 консертро гузошт, ки 12-тои дигар боқӣ мондааст. Дар охири сафари ҳунарӣ Ширан дар муқоиса бо 760 рӯзи гурӯҳи U2 893 рӯзи рекордиро сипарӣ хоҳад кард.

Рекорди қаблии сафари эҷоди ба гурӯҳи U2 таалуқ дошт, ки соли 2011, 735 миллион доллар кор карда буданд.