Samsung Galaxy Note10+ 5G

Мутахассисони вебгоҳи DxOMark камераи флагмани нав Samsung Galaxy Note10+ 5G -ро аз санҷиш гузарониданд ва онро дар зинаи аввали рейтинги камераҳои мобилӣ гузоштанд.

Акс аз камераи Samsung Galaxy Note10+ 5G  Коршиносон: Samsung Galaxy Note10 + 5G — смартфони дорои беҳтарин камераи ҷаҳон аст               Samsung Galaxy Note10 5G
Акс аз камераи Samsung Galaxy Note10+ 5G

Тибқи натиҷаи аксҳо, смартфон соҳиби 113 хол гардид, ки аз Huawei P30 Pro ва Samsung Galaxy S10 5G 1 хол зиёд аст. Аммо бо вуҷуди ин коршиносон ҳоло ҳам Huawei P30 Pro-ро аз ҷиҳати сифати сурат дар бозор беҳтарин меҳисобанд. Бинобар ин, ҳангоми алоҳида муқоиса кардани сифат, смартфони Huawei 119 хол ва Note10 + 5G – 118 хол ба даст овард.

Акс аз камераи Galaxy Note10+  Коршиносон: Samsung Galaxy Note10 + 5G — смартфони дорои беҳтарин камераи ҷаҳон аст Galaxy Note10
Акс аз камераи Galaxy Note10+
Акс аз камераи Huawei P30 Pro  Коршиносон: Samsung Galaxy Note10 + 5G — смартфони дорои беҳтарин камераи ҷаҳон аст Huawei P30 Pro
Акс аз камераи Huawei P30 Pro
Акс аз камераи iPhone XS Max  Коршиносон: Samsung Galaxy Note10 + 5G — смартфони дорои беҳтарин камераи ҷаҳон аст iPhone XS Max
Акс аз камераи iPhone XS Max

Ҳангоми сабти навор ва суратгирӣ аз камераи пеш, таҷҳизоти Samsung натиҷаҳои беҳтар – 101 ва 99 холро ба таври мутаносиб нишон дод. Гарчанде ки ақидае вуҷуд дорад, ки смартфони беҳтарин барои сабти навор — смартфонҳои Apple мебошад. Аммо ин смартфон танҳо дорои 96 хол барои навор ва 82 хол барои селфӣ-камера мебошад.

Samsung Note10+ 5G-ро дар шароити гуногуни равшанӣ санҷида баромаданд. Гаҷет воқеан барои офаридани аксҳои олӣ кӯмак мекунад.

Сарчашма: hi-tech.mail.ru