Pirelli

Ширкати Pirelli суратҳои аввалини тақвими расмии худро аз лаҳзаи наворбардорӣ ба дӯстдорони санъати зебоӣ пешкаш намуд. Нашрия барои омода намудани тақвими соли 2020 суратгири машҳури итолиёвӣ Паоло Роверсиро даъват намудааст. Наворбардориҳо баҳори соли 2019 дар шаҳри Веронаи Итолиё баргузор гардид. Он тақрибан як ҳафта идома ёфт.

Pirelli  Кристен Стюарт ва Эмма Уотсон дар тақвими нави Pirelli Pirelli 1

Албоми суратҳои «Дар ҷустуҷӯи Ҷулиетта», ки таҳиягари он Роверсӣ мебошад, дар асоси фоҷиаи Шекспир ба миён омадааст. «Ман ҳоло ҳам дар ҷустуҷӯи Ҷулиеттаи худ ҳастам ва тамоми умр хоҳам ҷуст, зеро Ҷулиетта — орзуст», — мегӯяд суратгир. Қаҳрамонҳои наворбардорӣ ҳунарпешаҳо Кристен Стюарт, Эмма Уотсон, Клэр Фой, Мия Гот, Индия Мур, Яра Шахиди, Стелла Роверсӣ ва сарояндаҳо Крис Лӣ ва Розалия иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Ҳар яки онҳо худро дар нақши Ҷулиетта санҷиданд ва ба нигоҳи худ образи ӯро муаррифӣ намуданд.

Ширкати Pirelli аз соли 1964 ба ин сӯ тақвим истеҳсол мекунад. Сабаби маъруфияти ширкат дар он аст, ки ҳар даъфа барои наворбардории лоиҳаи нав, суратгирҳои машҳурро аз ҳар гӯшаи олам барои таҳия ва коркарди мавзӯъҳо ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Дар тамоми соли вуҷуди ширкат барои амалӣ намудани лоиҳаҳои он 36 нафар суратгирони шинохтаи кишварҳои гуногун иштирок кардаанд. Тақвими соли 2019-ро Алберт Уотсон омода намуд.

«Pirelli» — тақвими тасвириест, ки шурӯъ аз соли 1964 ба ин сӯ ҳамасола аз ҷониби ширкати Пиреллӣ нашр мешавад.

Сарчашма: esquire.ru