Netflex рӯзгори репсароро рӯйи навор овард

Ширкати филмгузории Netflix порае аз филми мустанади «Трэвис Скотт: Нигар, модар, ман парвоз карда метавонам» (Travis Scott: Look Mom I Can Fly)-ро манзури ҳаводорони синамо гардонид.

Филм аз муваффақияти назаррасу босуръати репсарои 28-сола: аз имзои аввалин қарордод дар соли 2012 то барориши албоми «Astroworld» дар соли 2018, ки дар рӯйхати Billboard ҷойи аввалро касб намуда буд, нақл мекунад.

Дар порчаи дудақиқаӣ наворҳо аз сафари эҷодии Трэвис, видеоҳои шахсии мусиқинавоз: сабтҳои даврони кӯдакии Скот дар солҳои гуногун, ҳаёти ӯ бо дӯстдоштааш Кайлӣ Ҷеннер ва духтарчааш Стормӣ дохил шудаанд.

Нахустнамоиши филм 28-уми август баргузор мегардад.

Сарчашма: intermedia.ru