Сарояндаи маъруфи ӯзбек Юлдуз Усмонова рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар Русия бо консерти калони ҷашнӣ рӯи саҳнаи маросими Crocus City Hall ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар ин рӯз ӯ барномаи «Men seni sevaman»-ро намоиш медиҳад. Дар ин бора дар дар саҳифаи чорабинӣ дар шабакаи Facebook иттилоъ дода мешавад.

Дар репертуари Юлдуз Усмонова, ки дар Узбекистон ӯро “Примадоннаи эстрадаи ӯзбек” меноманд, зиёда аз 600 тарона бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, форсӣ ва дигар забонҳо дохил мебошанд. Беҳтаринҳои онҳо дар консерти оянда дар шаҳри Маскави Русия садо хоҳад дод.

Сарчашма: intermedia.ru