Криштиану Роналдо асрори муваффақияти худро гуфт

Ҳамлавари маъруфи дастаи “Ювентус” ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналдо мегӯяд:

-Ба мувафаққиятҳои ман дӯсти деринаам Алберт Фоэнтрау сабаб шудааст. Мо бо ӯ замоне дар бошгоҳи ҷавонони маҳаллӣ бозӣ мекардем. Вақте ки намояндагони дастаи «Спортинг»-и Лиссабон ба назди мо омаданд, ба ману Алберт гуфтанд: «Кадоме аз шумо имрӯз бештар гол занад, ҳамонро мо ба дастаи худамон мегирем». Мо он бозиро бо ҳисоби 3-0 бурд кардем. Дар аввал ман гол задам, баъдан Алберт пас аз партофти ман аз паҳлӯ ба сараш зарба зад ва голи сеюм ҳамаро ба ҳайрат овард. Алберт баъд аз як қатор ҳаракатҳои фиребии ҷолиб бо дарвозабон рӯ ба рӯ шуд, ман бошам аз паҳлӯи ӯ ҳаракат мекардам, вай дарвозабонро пушти худ гузошт ва танҳо ба дарвозаи холӣ тӯбро задан монд, вале вай ба ман тӯбро доду ман тӯбро ба дарвозаи ворид сохтам. Ва маро ба «Спортинг» гирифтанд.

Пас аз бозӣ ман ба пешаш рафта пурсидам:

— Барои чӣ?!

Ӯ ҷавоб дод:

— Криш, ту аз ман беҳтар ҳастӣ!

Ва рафт.