Селена Гомес ва Франсия Райса

Соли 2017 овозхони ҷавону овозадори амрикоӣ Селена Гомес ҷарроҳии иваз кардани гурдаро аз сар гузаронид, ки дар ин бора худи ӯ ба мухлисону ҳаводоронаш хабар дода буд. Ба ҳайси донори Селена дугонаи ҷонии ӯ Франсия Райса баромад намуд, ки гурдаи худро ба овозхон бахшид. Он замон Гомес миннатдории бепоёни худро ба Райса баён карда буд. Вале чандест, ки ҳеч кас ин дугонаҳоро якҷо надидааст, аз ин рӯ нашрияи Radar Online сабаби аз ҳам дур будани онҳоро муайян кард.

View this post on Instagram

I’m very aware some of my fans had noticed I was laying low for part of the summer and questioning why I wasn’t promoting my new music, which I was extremely proud of. So I found out I needed to get a kidney transplant due to my Lupus and was recovering. It was what I needed to do for my overall health. I honestly look forward to sharing with you, soon my journey through these past several months as I have always wanted to do with you. Until then I want to publicly thank my family and incredible team of doctors for everything they have done for me prior to and post-surgery. And finally, there aren’t words to describe how I can possibly thank my beautiful friend Francia Raisa. She gave me the ultimate gift and sacrifice by donating her kidney to me. I am incredibly blessed. I love you so much sis. Lupus continues to be very misunderstood but progress is being made. For more information regarding Lupus please go to the Lupus Research Alliance website: www.lupusresearch.org/ -by grace through faith

A post shared by Selena Gomez (@selenagomez) on

Мувофиқи маълумоти манбаъҳои огоҳ аз қазия, Гомес ва Райса аз моҳи октябри соли 2018 муносибатҳои дӯстонаи худро қатъ намудаанд. Сабаби ҳамаи ин беаҳамиятии сароянда ба саломатияш будааст. Сарчашмаҳо гуфтанд, ки пас аз ҷарроҳӣ Франсия аз Селена хоҳиш намуд, то ӯ ҳамеша ба худаш аҳамият диҳад, ба саломатии баданаш низ мунтазам диққат диҳад. Ба гуфтаи сарчашмаҳо, Райса Селенаро дар меҳмонхонаи Four Seasons-и шаҳри Ню-Йорк ҳангоми нӯшидани нӯшокии спиртӣ дарёфт кард. Райса гуфт, ки пас аз донор шудан ӯ организми худро дар муддати тӯлонӣ барқарор кард. Бинобар ин амалҳои сарояндаро дида, тамоман дар ҳайрат афтод.

Селена Гомес ва Франсия Райса  Селена Гомес бо дугонае, ки гурдаашро барояш бахшида буд, гап задан намехоҳад

Гомес маҳз моҳи октябри соли 2018 дар бемористон хобида буд. Он лаҳза сароянда дучори харобшавии асаб гардид. Мухлисону ҳаводорон сабаби инро оиладоршавӣ ба собиқ маъшуқаи Селена Ҷастин Бибер, таъсири ҷарроҳат ва ҳамчунин ба нашъаю нӯшокиҳои спиртӣ алоқаманд донистанд.

Селена Гомес ва Франсия Райса  Селена Гомес бо дугонае, ки гурдаашро барояш бахшида буд, гап задан намехоҳад                                                        1

Селена Гомес ва Франсия Райса  Селена Гомес бо дугонае, ки гурдаашро барояш бахшида буд, гап задан намехоҳад                                                        2

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед.