Маша и Медведь

Силсилафилми тасвирии писандидаи хурду калон «Маша ва Хирс» (Маша и Медведь) ба даҳгонаи видеоҳои сертамошобин дар тамоми замони мавҷудияти YouTube, дохил шуд.

Лавҳаи «Маша плюс Каша»-и филми тасвирии «Маша ва Хирс»-ро, ки дар YouTube гузошта шудааст, зиёда аз чор миллиард маротиба тамошо кардаанд.

— Шунидед, дидед? Лавҳаи «Маша плюс каша» боз рекорд гузошт! Силсила аллакай зиёда аз 4 млрд бор дар YouTube тамошо кардаанд, ана ин аст фантастика! – гуфта шудааст дар посте аз гурӯҳи расмии силсилафилми тасвирӣ «ВКонтакте».

Тавре дар боло қайд кардем, ин ягона навори аниматсиониест, ки дар даҳгонаи навори сертамошобин дар YouTube дохил шудааст ва дар ҷойи чорум қарор дорад.

Аз ин пеш силсилафилми тасвирии «Маша плюс Каша» ҳамчун навори аниматсионии сертамошобин дар шабакаи YouTube ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуда буд.

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед.