Дар лаҳзае, ки ҳунарпешаи саршиноси амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ дар бораи шодии фарзандонаш барои ҳамроҳшавии ӯ ба олами синамои Marvel мегуфт, расонаҳо бад будани вазъи оилавии ҳунарпешаро тахмин мезаданд. Ба навиштаи нашрияҳо, духтари 13-солаи ҳунарпеша Шайло мехоҳад ба хонаи падараш Бред Питт бикӯчад.

Манбаҳои махфӣ иттилоъ медиҳанд, ки Шайло ҳатто кӯшиши иҷозат гирифтан барои кӯчиданашро накардааст: «Ӯ аз модараш напурсидааст, ки метавонад ба хонаи падараш Бред равад ё не». Ба гуфтаи манбаъҳо, духтарак хонаи Анҷелинаро ба «минтақаи девонагӣ» баробар донистааст. Инчунин гуфтааст, ки дигар наметавонад он ҷо истаду ҳамаи он нооромиҳоро тоқат кунад.

Шайлӣ  Шайлӣ ҳам мехоҳад Анҷелина Ҷолиро тарк кунад

Мувофиқи хабари сарчашмаҳо, Питт аз фаҳмидани ин ки духтараш мехоҳад ба назди ӯ ояд, хеле хушҳол шудааст. Ӯ ҳоло дар бораи амали ояндаи дигар фарзандонаш хабардор нест, вале пас аз шунидани андешаи Шайло умедҳои ӯ нисбат ба якҷояшавиаш ба кӯдаконаш аз нав шӯълавар шуд. Мумкин аст, ки фарзандони дигараш ― Мэддокс, Пакс, Захара, Нокс ва Вивен ҳам аз Шайло ибрат гиранд. «Ҳангоме ки Энҷӣ (Анҷелина) мефаҳмад, ки Шайло дар ҳақиқат аз ӯ рафтанӣ аст, вай худро маъюс ҳис хоҳад кард», — дар хотимаи суханҳояш қайд кардааст манбаъ.

Сарчашма: popcornnews.ru