Ширкати Nestlé барои дарёфти дараҷаи МВА стипендия медиҳад

Мӯҳлати охирин: 30 сентябри соли 2019

Макон: Лозанна, Швейтсария

Грант: 25 000 франк (CHF)

Замон: ҳамасола

Ширкати Nestlé барои занони кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки хоҳиши таҳсил кардан дар барномаи МВА дар IMD (Донишгоҳи байналмилалии рушди идора — мактаби бизнес, воқеъ дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария) доранд, спитендия пешниҳод менамояд. Ҳаҷми стипендия 25 000 франки швейтсарӣ (CHF)-ро ташкил медиҳад.

Талабот барои довталабон

Стипендияро занони хоҳишманди шаҳрванди кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки барои омӯзиш ба шӯъбаи рӯзонаи барномаи МВА шомил шудаанд, метавонанд ба даст оваранд.

Ба довталабон лозим аст, ки дархостро пур кунанд ва дар ҳаҷми на камтар аз 750 калима дар мавзӯи зерин эссе бинависанд: “Many have argued that greater diversity in the Top Management team of an organization is good for profits and customers. What would you recommend as ways to achieve greater diversity?”

“Бисёриҳо бовар доранд, ки гуногунии бештар дар топ-менеҷменти ташкилот ҳам барои зиёд кардани даромад ва ҳам барои мизоҷон муфид аст. Шумо барои боз ҳам ба даст овардани гуногунрангии бештар чӣ пешниҳод мекунед?”

Дархостҳо ҳамасола то 30 сентябр қабул карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи донишгоҳ.

Тамос

Суроға: Ch. de Bellerive 23 P.O. Box 915 CH-1001 Lausanne, Switzerland

Телефон: +41 (0)21 618 0111

Почтаи электронӣ: mbafinance@imd.org

Сарчашма: grantist.com