Шоҳзодаи Бритониёи Кабир Чарлз Уэлский барои бозидани нақши хурд дар филми овозадори «Бонд 25» даъват гардид. Дар ин бораи нашрияи Sun хабар медиҳад.

Наворбардории ин филм айни замон дар ҳоли ҷӯшу хуруш қарор дорад. Маълумоти мазкур ҳоло расман тасдиқ нашудааст, вале сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, ки моҳи июн намояндаи хонаводаи султонӣ майдони наворбардориро хабар гирифт ва бо коргардони филм Дэниэл Крэйг вохӯрд.

«Розигӣ додан барои офаридани нақши хурди шоҳзода Чарлз махфӣ нигоҳ дошта мешавад, вале агар ӯ аз ҳунарнамоӣ даст кашад, пас таҳиягарон ба шоҳзода Гаррӣ ва шоҳзода Уилям умед хоҳанд бахшид» — мегӯяд манбаъ.

Аз ин пештар соли 2012 малика Елизавета II дар наворбардории навор барои Олимпиада, ки дар Лондон баргузор гардида буд, иштирок кард. Малика он замон бо ҳамроҳии Ҷеймс Бонд нақшофарӣ намуда буд.

Нахустамоиши филми «Бонд 25» моҳи апрели соли 2020 баргузор мегардад.

Сарчашма: film.ru