Дар Қазоқистон зани 29-сола фарзандонашро бо дуюним моҳи фарқ ба дунё овард. Табибон чунин ҳолати ғайриодиро ба хусусияти анатомии Лилӣ – бачадони дугона рабт медиҳанд.

— Тибқи омор, дар чунин ҳолатҳо, имкони зинда таваллуд кӯдаки шудани кӯдак аз 50 миллион ба як баробар аст. Аммо ба шарофати кордонии духтурони маркази перинаталӣ, саломатии модару кӯдакон хуб аст, — мегӯянд дар беморхонаи минтақавии Уралск.

Тавре зикр шудааст, духтарча рӯзи 24 май дар муддати 25 ҳафта таваллуд шудааст. Ҳангоми таваллуд вазни вай 850 грамм ва қадаш 42 сантиметр будааст. Писараке, ки вазнаш 2,9 кг ва қадаш 50 сантиметр аст, рӯзи 9-уми август бо роҳи чок кардани шикам дида ба ҷаҳон кушод.

Сокини Қазоқистон духтар ва писарро бо фарқи 2,5 моҳ ба дунё овард 2569b072b78fe6edd38ffe47c2e9e30a  1920x

Худи Лилӣ иқрор мешавад, ки ӯ ва шавҳараш писар мехостанд, чун дар оилаашон духтари ҳафтсола ба воя расида истодааст. Ба гуфтаи вай, ҳомиладории аввал комилан муқаррарӣ буд, аммо дуюмин хеле вазнин: духтурон ба ӯ ҳамеша хобидан ва ҳарчи камтар аз хона баромаданро тавсия додаанд.

Сарчашма: life.ru