Кэтӣ Перрӣ

Cуди шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико дар робита ба парвандаи вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ овозхон Кэтӣ Перриро ӯҳдадор намуд, то 2, 78 миллион доллар ҷарима бипардозад. Дар ин бора Associated Press хабар медиҳад.

Овозхонро бинобар таронаи Dark Horse дар дуздӣ (плагиат) айбдор карданд. Ба гуфтаи даъвогар – рэпсарои амрикоӣ Flame (Маркус Грей) – Перрӣ хити худро аз оҳанги ӯ Joyful Noise (2009) нусхабардорӣ намудааст. Грей ба унвони ҷуброн 20 миллион доллар аз Кэтӣ талаб кард.

Дар ҷараёни тафтишоти додгоҳ вакилони маҳкамаи суд бо эълон доштани он ки Кэтӣ расми мусиқавӣ ва ритмиро аз таронаи Flame нусхабардорӣ кардааст, Кэтӣ Перриро дар плагиат гунаҳкор донистанд.

Аз ҳаҷми умумии ҷарима худи овозхон 550 ҳазор доллар бояд бипардозад. 1,2 миллион долларро маркази продюсерии Capitol Records месупорад. Қисми боқимондаи маблағро ба муаллифони дигари суруд вогузор намуданд.

Кристина Лепера, адвокати Кэтӣ гуфт, ки тасмими судро мавриди баҳс қарор хоҳад дод.

Таронаи Dark Horse ба албоми Prism 2013-и Кэтӣ Перрӣ дохил шудааст. Он ҳамроҳ бо рэпсаро Juicy J сабт шуд ва давоми чор ҳафта дар зинаи аввали рӯйхати машҳури Billboard қарор дошт.

Моро дар Telegram ҳамроҳӣ намоед.