Таҳсили ройгон дар Бритониёи Кабир

Мӯҳлати охирин: 6 ноябри 2019

Тавсиф

Макон: Бритониёи Кабир

Грант: Пардохти маблағи таҳсил ва хароҷотҳо

Стипендияҳои Chevening — барномаи ҷаҳонии стипендияи Ҳукумати Бритониёи Кабир мебошад, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои шарик сармоягузорӣ мешавад. Стипендия барои гирифтани дараҷаи магистрӣ асосан барои як сол дода мешавад.

Дар озмун ҳамаи хоҳишмандоне, ки ба талаботи барномаи Chevening  ҷавобгӯ ҳастанд, иштирок карда метавонанд. Шаҳрвандони кишварҳое чун: Беларус, Русия, Украина, Молдова, Узбекистон, Қазоқистон, Гурҷистон ва ғайра номзадии хешро пешниҳод карда метавонанд.

Самтҳои афзалиятдори таҳсил:

  • Сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ
  • Ҳуқуқ ва идораи давлатӣ
  • Иқтисод, тиҷорат ва навоварӣ
  • Тағйирёбии иқлим, таҳқиқоти муҳити зист ва амнияти энергетикӣ
  • Илм ва кайҳон
  • Рӯзноманигорӣ

Ҳаҷми стипендияи Chevening

  • Стипендияи ҳармоҳа
  • Хароҷотҳои нақлиётӣ
  • Гранти диссертатсионӣ
  • Пардохти маблағи раводид (виза)
  • Пардохти маблағи таҳсил

Талабот ба номзадҳо

  1. Шаҳрванди яке аз кишварҳои иштирокчии барнома будан ва на дертар аз 2 сол пас аз хатми барномаи стипендияи Chevening ба ватан баргаштан;
  2. Дараҷаи бакалаврӣ ва ё олӣ.
  3. Доштани таҷрибаи кории 2 сола (аз ҷумла таҷрибаомӯзӣ, ризокорӣ (волонтерство) ва ғайра)
  4. Талабот ба сатҳи дониши забони англисӣ:
    • Academic IELTS (find a test centre)
      Overall score – 6.5, with a minimum score in each component of:
      Listening – 5.5; Reading – 5.5, Speaking – 5.5, Writing – 5.5
    • Pearson PTE Academic (find a test centre)
      Overall score – 58, with a minimum score in each component of:
      Listening – 42, Reading – 42, Speaking – 42, Writing – 42
    • TOEFL iBT (find a test centre)
      Overall score – 79, with a minimum score in each component of:
      Listening – 17, Reading – 18, Speaking – 20, Writing – 17
  5. Пешниҳод кардани дархост ба 3 донишгоҳи Бритониёи Кабир.
  6. Шаҳрвандии Бритониё надоштан ва қаблан дар ягон стипендияи давлатӣ дар ин кишвар таҳсил накардан.

Ҳуҷҷатҳои зеринро барои баррасӣ пешниҳод кардан лозим аст:

  • ду мактуби тавсиявӣ бо забони англисӣ;
  • шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
  • варақаи баҳоҳое, ки дар донишгоҳ гирифта шудааст (дараҷаи бакалаврӣ, магистратура);
  • Се барномаи интихобшудаи магистратура.

Ҳуҷҷатҳо дар қолаби pdf ва на бештар аз 5 Mb қабул карда мешаванд.

Дархостро барои иштирок дар барнома метавон ба таври онлайн пешниҳод кард.

Маълумоти бештарро дар бораи стипендия дар сомонаи ташкилкунандагон пайдо хоҳед кард.

Сарчашма: grantist.com