Мӯҳлати охирин: 30 сентябри соли 2019

Грант: 3500 — 5000 доллар

Замон: ҳамасола

Макон: Канада

Тавсиф

Стипендияи президентии Донишгоҳи University of Winnipeg барои пешсафони ҷаҳонӣ ва донишҷӯёни хориҷие, ки бори аввал ба барномаи дилхоҳи донишгоҳ дохил шудан мехоҳанд, имконият фароҳам меорад.

Хоҳишмандон метавонанд ба яке аз барномаҳои донишгоҳ – бакалавриат, магистратура, аспирантура, коллегиат, PACE ва ё ELP довталаб гарданд.

Дар донишгоҳ барои ҳар кадом зинаи таҳсил 3 навъи стипендия мавҷуд аст.

Стипендияи президентӣ барои пешсафони ҷаҳонӣ аз 3500 то 5000 долларро ташкил медиҳад.

Талабот нисбат ба довталаб:

  • Довталабон бояд дар чорабиниҳои пешсафӣ ширкат варзанд ва то вақти дар боло зикршуда дархости худро барои номзадӣ ба стипендия пешниҳод намоянд;
  • Донистани забони англисӣ ҳатмист.

Довталабонро зарур аст, ки дархостҳоро то санаи эълоншуда ба донишгоҳи University of Winnipeg ирсол намоянд:

  • 3 июни соли 2019: мӯҳлати ниҳоӣ барои оғози таҳсили тирамоҳии соли 2019 – барои барномаи таҳсилии ELP, PACE, бакалавриат, магистратура ва аспирантура
  • 30 сентябри соли 2019: мӯҳлати ниҳоӣ барои оғози таҳсили зимистонаи соли 2020 – дар барномаҳои ELP, PACE, бакалавриат.

Маълумоти муфассалро аз инҷо пайдо карда метавонед.

Тамос:

515 Portage Avenue Winnipeg, MB Canada R3B 2E9

websuggest@uwinnipeg.ca

https://www.uwinnipeg.ca/awards/international-students.html

Cарчашма: grantist.com