«Lover»: Албоми нави Тейлор Свифт пахш шуд (Навор)

Овозхони овозадори амрикоӣ Тейлор Свифт албом ва намоҳанги нави худро бо номи «Lover» пешкаши ҳаводорони савту наво гардонид.

Ин аввалин қартаи (пластинка) овозхон пас аз пайвастан ба маркази продюсерии Republic Records мебошад, ки ба Universal Music Group шомил аст. Дар албом ҳамагь 18 суруд дохил шудааст.

Намоҳанг аз он сар мешавад, ки духтараки хурдакак дар Соли нав тӯҳфаашро мекушояд – шари барфӣ, ки дар он Свифт бо дӯстдоштааш умр ба сар мебарад ва дар осоиштагӣ зиндагӣ мекунад: онҳо дар шифт нишаста дар бозиҳои мизӣ бозӣ мекунанд, дар меҳмонхона мерақсанд, асбобҳои мусиқиро менавозанд ва вақте ки ҷанҷол менамоянд, ба зудӣ оштӣ мекунанд.

Дар навор ҳамчунин гурбачаи Свифтро — Бенҷамин Баттон дида мешавад, ки аллакай дар намоҳанги “МЕ!” наворбардорӣ шудааст.