Тейлор Свифт

Сарояндаи машҳури амрикоӣ Тейлор Свифт  ба мухлисаш, ки дар ҳолати вазнин буд, кумак кард. Сароянда ба духтаре, ки Аиша ном дорад, 6 ҳазор доллар ҳадя намуд, то ки ӯ тавонад таҳсилашро дар коллеҷ идома диҳад — ин маблағ барои пӯшонидани қарз кофӣ буд.

Тавре Entertainment Tonight Canada иттилоъ медиҳад, Аиша дар бораи вазъи худ дар инстаграм навиштааст. Ба гуфтаи духтар, ӯ пули семестри ояндаро пардохт карда наметавонист, зеро маоши волидайн ба зиндагияшон мерасиду халос. Ба болои ин модараш бемории гурда дошт. Пас аз 2 соат ба суратҳисоби ӯ аз сафҳаи Taylor Nation пул интиқол ёфт.

-Таҳсилро идома деҳ, духтарак. Дӯстат медорам. Тейлор, — гуфта шудааст дар навиштаҷот.

Тейлор бо муносибати хуби худ нисбати мухлисонаш маъруф аст — давра ба давра ӯ барои мухлисони вафодори худ шабнишинии пӯшида баргузор мекунад. Ба ин монанд сароянда соли 2014 қарзи донишҷӯии яке аз мухлисонашро ба маблағи 2 ҳазор доллар пардохт намуд.

Сарчашма: intermedia.ru