“Ювентус” Ракитичро харидорӣ мекунад

Агар аҳамият дода бошед, Иван Ракитич ҳарду мусобиқаи оғозии Барселонаро дар харак гузаронид. Нашрияи Mirror инро асоснок пайваст намуда навишт, ки каталониҳо аз Иван то пӯшида шудани трансфер (давраи созиш барои хариду фурӯши бозигарони футбол) ҷудо шудан мехоҳанд. Дар партави хариди имконпазири Неймар трансфер ғайриимкон наметобад – ҳамин тавр барои пардохти бразилиягӣ кредит гирифтан лозим меояд.

Пештар аз ин Ивани 31-соларо «МЮ» мехост ба сӯйи хеш кашад, аммо бо сабабҳои маълум акнун ӯ ба Англия гузашта наметавонад. Аммо ба кумаки дастаи «Барселона», бошгоҳи «Ювентус» омад, ки ба каталониҳо Эмре Ҷанро бо иловапулӣ пешниҳод намуд. Онҳо бошанд «ба мо чунин меҳрубонӣ лозим нест» гуфтанд.

Он гоҳ «синёраи солхӯрда» иҷораи ройгони футболбозро, бо ҳуқуқи харидани ҳатмӣ дар охири мавсим, пешниҳод кард. Ҳоло дар Турин пул нест, аммо варақаи музди меҳнатии “Барселона”-ро ҳоло ҳам кам карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ракитич мехост мувофиқи шартнома дар дастаи “Барселона” то соли 2021 ҳунарнамоӣ ва пасон мӯҳлати қарордодро дароз кунад. Арзиши интиқоли бозигари хорватӣ 40 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Сарчашма: eurosport.ru