Ширкати Apple рӯнамоии (презентатсия) навбатии ҳамасолаи худро эълон намуд. Имсол ин чорабинӣ рӯзи 10-уми сентябр баргузор мегардад, ки дастгоҳҳои навинро, чун ҳамеша, дар идораи марказии ширкат дар шаҳри Купертинои Калифорния намоиш медиҳанд.

Тафсилоти дигари муаррифии навгониҳо дар даст нест.

Ҳамзамон, рӯзноманигорон бовар доранд, ки дар ин чорабинӣ 3 модели нави iPhone намоиш дода мешавад, ки бо нерӯёри (зарядник) беноқил қувва мегирад ва бо системаи камераи сенсории сегона муҷаҳҳаз мешавад, ки тавассути онҳо аксҳо ва видеоҳои босифат гирифта мешавад.

Ғайр аз он, мувофиқи овозаҳо, 10-уми сентябр гӯшмонакҳои бесими AirPods, планшетҳои iPad ва MacBook Pro-и 16 дюймиро нишон медиҳанд.

Сарчашма: esquire.ru