Бакалавриат ва магистратура: Таҳсилоти ройгон дар Ню-Йорк

Мӯҳлати охирини қабули дархостҳо: 1 ноябри соли 2019

Грант: $4000 барои таҳсил

Замон: якчанд бор дар як сол

Макон: шаҳри Ню-Йорк, Амрико

Тавсиф

Донишгоҳи Аделфӣ, ки дар шаҳри Ню-Йорк ҷойгир аст, ба донишҷӯён теъдоди ками стипендияҳоро баҳри таҳсил дар зинаҳои  бакалавр ва магистратураро пешниҳод мекунад. Стипендияҳо дар асоси натиҷаҳои хуби таҳсил, қобилияти эҷодкорӣ ё истеъдоди варзишӣ дода мешаванд. Иштирокчиён бояд нишондиҳандаи миёнаи хубро нишон дода, корҳои амалии худро фиристанд ё дар бораи дастовардҳои варзишии худ нақл кунанд. Ҳаҷми стипендия ба муваффақияти донишҷӯ вобаста аст, стипендияи камтарин $ 10,000 мебошад.

Нафароне, ки мехоҳанд дар барномаи бакалавриат таҳсил намоянд, метавонанд дар як сол 2 маротиба: то 1 май ва 1 ноябр дархост равон кунанд. Аммо агар шумо хоҳед, ки дар хобгоҳи донишҷӯӣ ҷой гиред, пас беҳтар аст, ки ҳуҷҷатҳоро то 1-уми март омода созед.

Талабот ба номзад

Пас аз он ки варақаи дохилшавӣ ба донишгоҳро пур кардед, шумо ба таври худкор дар озмуни стипендия иштирок хоҳед кард, ба шарте ки ба қайд гирифта шуда бошед. Ғайр аз баҳои хуб, шумо бояд дониши хуби забони англисиро низ нишон диҳед.

Маълумот дар сомонаи донишгоҳ

Тамос

Levermore Hall, Lower Level Room 11 South AvenueP.O. Box 701Garden City, NY 11530-0701

+1 516 877 3080

financialservices@adelphi.edu

http://admissions.adelphi.edu/international/how-to-apply/

Сарчашма: grantist.comг