Ангуштарини сароянда Биллӣ Айлишро дуздиданд

Бино ба Китоби рекордҳои Гиннес, албоми аввалини овозхони 17-солаи амрикоӣ Биллӣ Айлиш When We All Fall Asleep, Where Do We Go дар тӯли 114 рӯз дар хит-парадҳои бритониёӣ мақоми аввалро ишғол кард ва ин нишондод Биллиро ҷавонтарин овозхоне муайян месозад, ки муддати зиёд ҷойи аввалро аз худ намудааст. Соли 2003 Чунин рекорд насиби Аврил Лавин гашта буд – вақте ки албоми Let Go 165 рӯз дар зинаи аввал қарор дошт, ӯ 18 сола буд.

Дар албоми Биллӣ Айлиш When We All Fall Asleep, Where Do We Go 14 тарона дохил шудааст. Ҳатто пеш аз рӯнамоии расмӣ дар моҳи марти соли 2019, қарта (пластинка) ҳамаи рекордҳоро дар Apple Music шикаст: 800 ҳазор нафар албомро пешакӣ фармоиш доданд.

Айлиш соли 2015 дар синни 14 солагияш, пас аз баромадани таронаи Ocean Eyes, ки ба зудӣ ба ҳама писанд омад ва миллионҳо нафар онро гӯш кардаанд, машҳур шуд.

Агар орзуи бузург дошта бошед ва меҳнат кунед, шумо метавонед рекордсмен шавед! Биллӣ Айлишро табрик мекунем, вай дар Китоби Рекордҳои Гиннесс 2020 дохил шуд.

Сарчашма: esquire.ru